Варзишгарони Суғд ба 2696 медал шарафёб шуданд
Душанбе, 26.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Соли 2014 дар вилояти Суғд 61 чорабинии варзишии гуногун гузаронида шуд.Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар соли ҷорӣ 1668 нафар варзишгари вилоят дар 71 мусобиқаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуд.Гуфта мешавад, ки имсол иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ назаррас аст. Варзишгарони вилоят соли равон дар 39 мусобиқаи гуногуни байналмилалӣ иштирок намуданд.Дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ варзишгарон дар маҷмӯъ ба гирифтани 2696 медал шарафёб гардиданд. Аз ин теъдод 877 медали тилло, 730 нуқра ва 1089 адад биринҷӣ мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






