Вазири кишоварзӣ фермерони амрикоиро ба ҳамкорӣ даъват кард

Декабрь 2, 2014 16:01

Душанбе, 2.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар бо директори минтақавии “Юнайтед Ворлд” Луки Спит ва директори лоиҳаи мазкур Марко Ранович вохўрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ Қосим Роҳбар бо рўзноманигорони Агентии иттилоотии байналмиллалии ИМА “Юнайтед Ворлд” дар бораи вазъи соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ба саволу дархостҳои онҳо ба тариқи хаттӣ посух дод.Дар вохӯрӣ Луки Спит вазири кишоварзиро бо фаъолияти ин агентии машҳури ҷаҳон шинос намуда, бо нашрия ва сомонаи “Юнайтед Ворлд” шинос кард.Ба саволи матраҳи Марко Ранович вобаста ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҷавоб дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ “Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020”-ро қабул намудааст, ки дар доираи он масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун афзалияти стратегӣ дар мадди аввал гузошта мешавад ва истеҳсол, коркард ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ метавонад на танҳо барои истеъмолкунадагони дохилӣ, балки ба содирот низ равона гардад ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳқонон кумак расонад. Вазир аз дастгириҳои кишварҳои ҳамкор барои рушд ёдовар шуда, аз кумакҳои ИМА барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС изҳори миннатдорӣ намуд.Зикр гардид, ки соҳаи аграрии Тоҷикистон имрўз ба техникаву технологиҳои замонавӣ ва пешқадами фермерони Амрико ниёз дорад ва аз тариқи “Юнайтед ворлд” даъват намуд, ки соҳибкорону сармоягузорон ба кишвари мо биёянд ва ҳамкорӣ намоянд.Вохӯрӣ дар сатҳи баланд ва дар фазои ҳусни тафоҳум доир шуд.

Декабрь 2, 2014 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд