ВКД: Ғамхорӣ ба собиқадорон ва иштирокчиёни ҶБВ
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бо кумаку ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба як гурӯҳ собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ тақдим намудани туҳфаҳои идона, аз қабили маводи ғизоӣ ва маблағи пулӣ идома дорад.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дирӯз муовинони вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом, Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва Солеҳзода Искандар Раҷаб ба хонаҳои истиқоматии собиқадорони ҷангу меҳнат: Мадулло Сафаров-старшинаи мустаъфӣ, Давлатшоҳ Қадимов- сержанти калони мустаъфӣ ва Макеев Евгений Яковлевич-подполковники мустаъфӣ рафта, ба онҳо туҳфаҳои Президенти кишварро, аз қабили: орд, равған, биринҷ, шакар, картошка, пиёз, анвои гуногуни шириниҳо ва маблағи пулӣ расониданд.
Зимни дидорбинӣ муовинони вазири корҳои дохилӣ ин мардони наҷибу дарёдилро, ки дар айни ҳол дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд, бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо барои хизмати шоён ва арзанда ба халқу Ватан изҳори сипос карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






