ВКД ҶТ 50 ҷинояти донишҷӯёнро ба қайд гирифт
Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон вохӯрии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни ин мактаби олӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фотеҳ Қунғуротзода дар бораи вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мустаҳкам намудани ҳамкорию боварии донишҷӯёни макотиби олии кишвар ба мақомоти милитсия сухан гуфта, зикр кард, ки новобаста аз гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаю фаҳмондадиҳӣ ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар байни донишҷӯён ҳанӯз ҳам ба назар мерасанд. Аз ибтидои соли ҷорӣ то ҳол аз ҷониби донишҷӯёни макотиби олии кишвар 50 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, ҳастанд баъзе донишҷӯёне, ки даст ба рафторҳои ношоиста, кирдорҳои авбошона, вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва муноқишаҳои байниҳамдигарӣ мезананд. Зарур аст, ки баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби бархе ҷавонон, ки ба номи донишҷӯ доғ меоранд, дар якҷоягӣ мубориза бурда шавад.
Кӯшишу ғайрати мақомоти милитсия низ дар ҳамкорӣ бо ҳайати устодону донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб дар байни донишҷуён равона шуда, дар ин самт мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд»,- афзуд Фотеҳ Қунғуротзода.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






