ВКД: 17 550 нафар шахси шубҳанок ба қайд гирифта шуд
Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ҳамкории дастаҷамъонаи аъзои ситоди мазкур дар таъмини суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Муовини роҳбари Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ Солеҳзода Искандар аз натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар 11 моҳи ҷорӣ ибрози назар намуда, зикр намуд, ки дар ин муддат аз тарафи бахши махсус ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 17 ҳазору 550 нафар шахсони шубҳанок барои муайян намудани шахсият ба шуъба дастрас шудаанд.
Аз ҷумла, барои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ — 386 нафар, барои майдаавбошӣ — 68 нафар, барои кашидани сигору нос дар ҷойҳои муқаррарнагардида — 439 нафар, дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ — 1 ҳазору 83 нафар ва нисбат ба 1 ҳазору 926 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 706 нафар ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи гадоён ва оворагардон ва 230 нафар ба ҳушёрхонаи тиббӣ дастрас шуда, нисбат ба онҳо тадбирҳои қонунӣ андешида шуданд.
Аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ 986 ҳазору 350 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла барои идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ — 8 ҳазору 937, бе ҳуҷҷати ронандагӣ — 32 ҳазору 534, ғайриқонунӣ идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ — 1 ҳазору 109, бе рақами қайди давлатӣ — 6 ҳазору 447, рақамҳои бегона — 885, гузаштан ҳангоми ранги сурхи чароғаки роҳнамо — 13 ҳазору 449, аз меъёр зиёд намудани суръати ҳаракат дар роҳ — 131 ҳазору 967, ба манфиати шахсӣ истифода бурдани нақлиёти давлатӣ — 451 ва 790 ҳазору 571 ҳолати дигар вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шуданд.
Дар хотимаи ҷаласа аъзои ситоди мазкур бо мақсади беҳдошти фаъолият ва пурзӯр намудани мубориза дар самти ҷинояткорӣ таклифу пешниҳоди мушаххас манзур намуданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






