ВКД: «Афзоиши кишти кӯкнор ва истеҳсоли афюн дар ҶИА»
Душанбе, 17.12.2014.( АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба баррасии лоиҳаи Барномаи минтақавии Раёсати маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, ки барои солҳои 2015-2020 ба нақша гирифта шудааст, мизи мудаввар бо иштироки васеи мутахассисони 5 давлати минтақа: Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Кирғизистон, Ӯзбекистон бо даъвати давлатҳои Русия ва Озарбойҷон сурат гирифт.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар кори ҳамоиш мушовири калони вазири корҳои дохилӣ М.Ғ. Бухориев доир ба тадбирҳои пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди моддаҳои нашъаовар гуфт, ки: «Аз рӯи маълумотҳои омории Раёсати маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Миллали Муттаҳид, дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кишти кӯкнор ва истеҳсоли афюн дар соли 2014 нисбат ба соли 2013, 7% афзудааст. Фурӯши маводи мухаддир маблағҳои калони пулиро дар бар мегирад, ки аксари ин маблағҳоро ҷинояткорон барои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва қочоқи одамон истифода мебаранд. Хатари паҳн гаштани ин равандҳои номатлуб дар минтақа боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Аз ин рӯ, Раёсати маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Миллали Муттаҳид дар минтақа иқдом гирифтааст, ки барномаи нав таҳия намуда, барои дар амал татбиқ намудани он пешниҳоди давлатҳои минтақа гардонад».
Дар мизи мудаввар намояндагони ташкилотҳои гуногун, аз ҷумла Бунёди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок дошт. Мақсад аз мизи мудаввар баррасии лоиҳаи «Барномаи минтақавии мубориза бар зидди маводи мухаддир барои солҳои 2015-2020» буд, -иттилоъ медиҳад манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






