ВКД: Суҳбати озоду самимии вазир бо кормандон
Душанбе, 22.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои ВКД ва ҷузъу томҳои он дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд.
Тавре ки аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ инчунин роҳбарони аввали сарраёсат, сармарказ, сарситод, раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии ВКД иштирок намуданд.
Р. Раҳимзода тамоми ҳайати шахсиро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки дар ин вохӯрӣ камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои рафъ намудани онҳо мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Зимни вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ аз дастовардҳо, таъминоти моддӣ-маишӣ ва беҳтар гардидани шароити хизматии ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сухан гуфта, зикр кард, ки танҳо дар соли ҷорӣ 16 иншоот аз таҳкурсӣ бунёд гардида, 40 иншооти дигар таъмиру тармим гардид. 23 шубачаи минтақавии милитсия ва нуқтаҳои такягоҳи нозирони минтақавӣ таҷдиду навсозӣ ва сохтмони 4 иншооти дигар оғоз гардид. Инчунин бо нақлиёти хизматӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин шуданд.
Ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 8 нафар корманд бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ Р. Раҳимзода махсусан ба масъалаҳои ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз намудани тамоми иншоот, масъалаҳои сӯхтор, мубориза бар зидди ҷиноятҳои ахлоқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кушодани ҷиноятҳои солҳои пеш ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳисоботҳои роҳбарияти раёсатҳои ВКД, РВКД ва сардорони Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанберо шунида, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Рамазон Раҳимзода масъалаҳои фаъолияти хизматӣ ва таъминоти моддӣ-техникии ҳайати шахсии РВКД, ШВКД-ҳо ва ҷузъу томҳои он дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи касбӣ ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта супоришҳо дод.
Зимни вохӯрӣ ҳайати шахсӣ бобати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ таклифу пешниҳодҳо намуда, аз баргузории чунин вохӯрии озоду самимӣ ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳори миннатдорӣ карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






