Вохӯрӣ бо роҳбарияти донишгоҳи Перуҷи
Душанбе, 05.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон ).- Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид дар ҷараёни сафари кориаш ба шаҳри Перуҷии Италиё бо ректори Донишгоҳи хориҷиёни шаҳр профессор Дотт Фоколари мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, донишгоҳи шаҳри Перуҷи яке аз марказҳои калонтарини маорифи Италиё ба шумор рафта, донишҷӯёни дохилию хориҷиро барои таҳсил қабул мекунад.
Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот перомуни рушди низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон ва дастовардҳои бахши тарбияи кадрҳои ҷавон барои иқтисодиёти кишвар мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ нақл кард.
«Ҳар сол дар Тоҷикистон бо иштироки донишкадаҳои маъруфи олии Англия, Олмон, Фаронса, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Малайзия ярмаркаҳои маърифатӣ доир мегарданд, ки хатмкунандагони мактабҳои миёна, литсейҳо ва донишҷӯёни донишкадаҳои олии Тоҷикистон метавонанд дар онҳо барои идомаи таҳсил донишгоҳи ин кишварҳоро интихоб намоянд», — зикр намуд Шариф Саид.
Роҳбари ПСС ҶТ ба роҳбарияти донишгоҳ пешниҳод намуд, ки масъалаи иштирок дар чунин ярмаркаҳои маърифатиро, ки дар Тоҷикистон доир мешаванд, баррасӣ намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






