Вохӯрии коршиносон дар Алмаато
Душанбе, 17.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳафтаи гузашта вохӯрии нахустини коршиносони 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Федератсияи Русия доир ба таҳияи Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи марказӣ дар чорчӯбаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, мақсади вохӯрӣ- гузаронидани ҷаласа бо кишварҳо-иштирокчиёни Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар сатҳи коршиносон буд, ки бояд ситезаҳо, таҳдидҳои умумиро дар самти ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муайян ва оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводи нашъадор тадбирҳои ҷавобӣ андешида шаванд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар вохӯрӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иштирок намуданд.
Аз хадамоти матбуотии агентӣ хабар доданд, ки пас аз муҳокимарониҳо дар гурӯҳҳо аз тарафи давлатҳои иштирокчӣ лоиҳаҳаи барномаи РСММ МНҶ аз нав таҳия ва аз ҷониби ҳамаи намояндагон бо назардошти манфиатҳои кишварҳо омода гардид. Қарор қабул шуд, ки лоҳияи барномаи аз нав таҳияшуда як бори дигар тавассути вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои иштирокчӣ ба давлатҳо-аъзо фиристода шавад ва бори дигар фикру мулоҳизаҳои давлатҳо гирифта шавад ва баъд аз он барои имзо ба ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳо-иштирокчиёни барнома, ки дар охири моҳи феврали соли 2015 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистан баргузор мегардад, пешниҳод шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






