“Волонтёри сол -2014”-озмуни ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ), Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) бо шарикони иҷтимоии Барномаи волонтёрони СММ дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Волонтёри сол-2014” баргузор мегардад.
Мақсади озмун ҳавасманд гардонидани волонтёрон дар рушд ва такомули фаъолияти худ, ҷалб намудани шахсони ҷавон барои машғул шудан ба фаъолияти волонтёрӣ ва ба ин васила мусоидат кардан ба беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 20 феврали 2014 сол бо ташаббуси Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади рушду такомули фаъолияти ихтиёрӣ Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар давоми соли 2014 ассотсиатсия якҷоя бо дигар ташкилотҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва байналхалқӣ тавонист якчанд чорабиниҳои ҷумҳуриявиро баргузор намояд.
Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши таҳлилию иттилоотии
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Наврӯз Қурбонов хабар дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






