Вусъати ҳамкориҳо
Душанбе, 5.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва раёсати таълими Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинар-вохӯрӣ бо иштироки устодони донишкада ва намояндагони донишгоҳи Севилияи Испания- сардори хадамоти робитаҳои байналмилалӣ Розарио Лопес, сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ ва робитаҳои байналмилалӣ Мария Эскивел ва корманди ёрии техникӣ (тарҷумон) Рафаэл Вагнер баргузор гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, сараввал муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Баҳром Сафаров ба меҳмонон ба забони англисӣ аз тариқи доскаи электронӣ оид ба фаъолият ва сохтори донишкада маълумоти мушаххас дод.
Ҳамзамон намояндаи донишгоҳи Севилияи Испания Рафаэл Вагнер низ дар мавриди ташриф ба ДМИТ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, инчунин таърихи донишгоҳи Севилия ва фаъолияти он гуфт, ки дар оянда ҳамкории Донишгоҳи Севилияи Испания бо ДМИТ тибқи лоиҳаи «Эразмус+» ва шартномаҳои тарафайн ба роҳ монда шуда, барои мубодилаи устодону донишҷӯён шароити мусоид фароҳам меорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






