Ярмарка барои кормандони милитсия
Душанбе, 24. 12. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хӯрокӣ барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид. Дар ярмарка маҳсулоти хӯрокӣ, аз қабили гӯшту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, сабзавот ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки тамоми ин маҳсулоти хӯрокӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо бо нархи 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил шуда, нишон аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






