Ёде аз шоири миллатҳо
Душанбе, 1.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 28-уми ноябр бахшида ба 200-солагии шоир ва донишманди украин Тарас Шевченко дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ А.Раҳмонов дар ҷамъомад дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти Т.Шевченко сухан гуфта, зикр кард, ки маърифатгоҳи мо солҳои тўлонӣ ба номи ин олими маъруф гузошта шуда буд ва ин маънои онро дошт, ки воқеан ҳам, осораш безавол ва эътирофшудаанд.
Сафир В.Никитюк зикр кард, ки бештар аз ду сол мешавад сафорати Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва аз он хушҳол аст, ки дар ин кишвар кўчае номи Т.Шевченкоро дорад ва ҳамзамон нимпайкараи ў низ дар пойтахт қомат афрохтааст.
Дар конфронс намояндагони Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, устоди донишгоҳ Сайфиддинов, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Шариф Муллоев сухан гуфтанд.
Тавре ки зикр гардид, ашъори Т.Шевченко бо аксар забонҳои дунё, аз ҷумла, тоҷикӣ, гурҷӣ, испанӣ, ҳиндӣ, итолиявӣ, франсузӣ, куриёӣ ва ғайра тарҷума ва интишор шудаанд.
Дар ин бора котиби матбуоти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Бахтиёри Абдураҳим хабар дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






