Ёрӣ ба мактабиён
Роштқалъа, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Файзи Мирҳасан).- Шӯрои адлияи ҶТ сарпарастии мактаб — интернати назди мактаби таҳсилоти умумии ноҳияи Роштқалъаро ба ӯҳда гирифта, дар арафаи Соли Нав ба он дасти ёрӣ дароз кард.
Ба гуфтаи манбаъ, тайи соли охир Шӯрои адлия ба мактаби мазкур ба маблағи 54 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расонид. Интернати мактаби таҳсилоти умумии рақами 26 солҳои зиёде фаъолият дошта, имрӯз бисёр дастпарварони он дар бахшҳои мухталифи иқтисоди вилоят фаъолият доранд.
Алҳол дар интернат 55 нафар хонандагон таҳсил намуда, барои зисту таҳсили онҳо ҳамаи шароит фароҳам карда шудааст. То имрӯз дар ин ҷо барои фасли зимистон 29 тонна ангишт ва 30 метри мукааб ҳезум тайёр карда шудааст.
Мувофиқи суханони директори мактаб Дороншоҳ Кабутаршоев, соли ҷорӣ ба мактаб ба маблағи 46 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ расонида шуд.
Раиси суди вилоятӣ Саидмусаллам Шоҳмусалламов изҳор дошт, ки минбаъд ҳам ба мактаб — интернат дасти ёрй дароз карда мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






