«Зиндагӣ ширин, эй ҷавон»-муаррифӣ
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд китоби тозанашри адиби ҷавон, ҳуқуқшинос ва рўзноманигор Юсуфҷон Маюсуфов бо номи «Зиндагӣ ширин, эй ҷавон» муаррифӣ гардид.Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар маросими муаррифӣ адибони маъруфи вилоят ва устодону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.Гуфта мешавад, ки китоби «Зиндагӣ ширин, эй ҷавон» ба мавзўи мубрами рўз- худкушӣ бахшида шудааст. Дар китоб сабабҳои даст ба худкушӣ задан ва роҳҳои пешгирии онро муаллиф возеҳ баён кардааст, ки хонандаро ба худшиносӣ, расидан ба қадри ҳаёт ва зиндагии хубу осоишта ҳидоят мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






