11 224 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Дар соли 2014 аз ҷониби мақомоти идораи замини кишвар 11 224 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1 367 ҳолат зиёд мебошад. Маҳмадтоҳир Зокиров-раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ сабаби ошкоршавии зиёди вайронкунии қонуни заминро дар фаъолияти босамари раёсати назорати замин ном бурд. «Имрӯз кумитаи давлатӣ қудрат пайдо кардааст, ки тамоми қонунвайронкуниҳоро ба инобат гирад,»-иброз дошт мавсуф имрӯз, 12 январ зимни нишасти хабарӣ. Номбурда гуфт, бо таъсиси Корхонаи бақайдгирии амволи ғайриманқул, бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ имкон дорад, ки ошкоршавии вайронкунии қонунгузории замин 3 маротиба зиёдтар шавад, зеро дар ҳар хоҷагии кишвар метавон камбудие ошкор шавад.
Аз 11 224 ҳолати вайронкунии қонкнгузории замин нисбат ба 9196 ҳолат дастур, 7552 ҳолат протокол ва 7549 ҳолат қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуда, ба маблағи 2537235 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин 1894795 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замин ворид шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






