Ғолибияти дастаи Хуҷанд бар дастаи Жетису
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи «Хуҷанд”-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон” дар Қайроққум ҳайати ҷавонони тими «Жетису”-и Қазоқистонро шикаст дод.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, мусобиқаи футбол барои Ҷоми Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи «Осоишгоҳи Баҳористон» бо ширкати шаш даста — «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Эсхата» (Хуҷанд), мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва ҳайати ҷавонони «Жетису» (Талдиқӯрғон, Қазоқистон), ки ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, дар шаҳри Қайроққум идома дорад.
Гуфта мешавад, ки баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа «Хайр” бо 6 имтиёз пешсаф аст. «Хуҷанд”, «Истиқлол” ва тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) 5-имтиёзӣ доранд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Хуҷанд” (10-3) дар ҷойи дувум, «Истиқлол” (6-3) дар ҷойи севум ва тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (5-3) дар ҷойи чорум мебошанд. «Эсхата” бо 3 имтиёз (7-8) дар ҷойи панҷум қарор дорад. «Жетису” (3-18) дар ҷойи шашум мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






