Қадрдонии корҳои эҷодии ихтироъкорони оянда
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади тақвият бахшидани завқу шавқи хонандагон ба омӯзиши илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникии онҳо дар шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Техникони наврас» гузаронида шуд.
Дар озмун аз 15 муассисаи таълимии шаҳр 201 нафар хонанда ширкат варзида, корҳои амалию эҷодии хешро пешниҳод намуд.
Ҳайати доварон корҳои иштирокчиёнро аз назар гузаронид ва дар бахши радиоконструкторӣ Шероз Бердиев, Мубин Акашехов Мирзобахтиёр Ҳомидов сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Дар бахши авиамоделӣ Фаридун Шамсиев, Баҳодур Абдуллоев, Маъруф Файзуллоҷонов сазовори се мақоми аввал гаштанд. Дар бахши мошинаи ояндаи коинот Азиза Муродова, Азимҷон Иброҳимов, Илҳом Раҳимов мақоми аввалу дуюму сеюмро соҳиб гардиданд. Дар бахши киштии ояндаи обӣ Ғайратҷон Дӯстматов, Дилшод Ӯлмасов, Исломиддин Таваккалзода се ҷойи аввалро созовор гардиданд. Абдуғафур Орифбоев, Макнуна Саидова, Саидаъзам Атоев мақоми якум, дуюм ва сеюмро дар бахши автомоделӣ мушарраф гаштанд.
Дар бахши ҳимояи шаҳри оянда Парвина Бобокалонова, Амирҷон Аминов сазовори мақоми якум ва дуюм, Наҷибулло Бадалов ва Дилшод Ҳакимов соҳиби ҷойи сеюм ва дар бахши ихтироъкорӣ Комилҷон Раҳимов мақоми аввал, Фаридун Муҳиддинов ҷойи дуюм, Ҷаъфархон Почоев ва Низомиддин Олимов мақоми сеюмро мушарраф гаштанд.
Дар ҷамъбасти озмун мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов ғолибони озмунро табрик гуфта, таъкид кард, мо бояд аз бурду бохти шогирдон хулоса бардошта, корҳои эҷодӣ ва амалии онҳоро то ба ҳадди ниҳоӣ расонем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






