Қайроққум: соли 2014 содироти мол 82%-ро ташкил дод
Қайроққум, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар шаҳри Қайроққум ҳаҷми гардиши умумии савдои хориҷӣ ба 133 миллиону 216 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шуда, субъектҳои хоҷагидори шаҳр бо 22 кишвари хориҷӣ дуру наздик алоқаи тиҷоратӣ ба роҳ монданд, ки аз шумораи умумии савдои хориҷӣ содироти мол 82,6%-ро ташкил дод.
Дар ин раванд ба иқтисодиёти шаҳр 160,6 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардид, ки 108,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ мебошад. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ қисми нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 122,7% таъмин гардид.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлуба Амонзода иттилоъ дод, дар ин замина инчунин соли сипаригардида дар миқёси шаҳр аз ҷониби соҳибкорон 7 коргоҳи хурду миёна, 33 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар раванди иҷрои “Барномаи вилоятии “соли 2014 — соли роҳҳои обод” дар қаламрави шаҳр 16 км роҳи мошингард асфалтпӯш шуда, дар 30,3 км роҳ корҳои таъмири ҷорӣ ва шағалпӯшкунӣ гузаронида шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






