Қарзи маоши муҳоҷирони тоҷик пардохта шуд
Душанбе, 08.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Давлаҳмад Холов бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират қарзи маошашро дар ҳаҷми 180 ҳазор рубл гирифт.
Тавре ки котиби матбуоти Намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод, Давлаҳмад Холов дар арафаи Соли Нав дар бораи расонидани ёрӣ барои ҳалли ин масъала ариза пешниҳод карда буд. Ба гуфтаи номбурда мавсуф соли гузашта ҳамроҳи хешовандаш О.Зиёев дар ширкати сохтмонии «СУ — 155» шаҳри Маскав кор карда, тайи се моҳи фаъолияти меҳнатӣ ҳаҷми маошашон 300 рублро ташкил дода буд. Ширкати номбурда як қисми ин маблағро дар давраи фаъолияти шахсони зикршуда пардохта, ваъда дода буд, ки бақияи онро баъди анҷоми корҳои дар нақша гирифташуда мепардозад. Вале ширкат ба ваъдааш вафо накард.
Баъди суҳбати корманди намояндагӣ бо роҳбарияти ширкати сохтмонӣ ин қазия ба таври мусбат ҳал шуда, муҳоҷирони меҳнатӣ қарзи маошашонро гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2014 маблағҳои бо мусоидати намояндагӣ пардохташудаи муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 24 миллион рублро ташкил дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






