Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Душанбе, 02.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Нормуроди Раҳматшо, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки номбурда санаи 31 декабр, соати 17:30 дақиқа дар назди мағозаи «Садбарг», воқеъ дар ноҳияи Зафаробод бо шаҳрванд Ҳасан Ёқубов, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ҷамоати Зафаробод вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ӯ ҷанҷол карда, сипас бо корди хоҷагии дар дасташ буда 1 маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Ҳ. Ёқубов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






