Қатли хоҳар бо дасти бародар

Январь 13, 2015 09:50

Хуҷанд, 13.01.2015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд ҳодисаи куштор  ба қайд гирифта шуд. 
Тавре ки ба АМИТ Ховар корманди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд М.Юсупов иттилоъ дод, 11 январи соли ҷорӣ тахминан соати 16:00 дақиқа,  сокини шаҳри Чкаловск, шаҳраки Палос, муваққатан истиқоматкунандаи маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд Мурод Юлдошев, с/т 1990, дар хонаи истиқоматиаш  дар пайи муноқишаи хонаводагӣ хоҳари 34- солаи худ Дилафрӯзро бо задани 11 зарби корд ба қатл расондааст. Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба айбдоршаванда бо моддаи 104-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.  
Бояд гуфт, ки дар моҳи равон ин чаҳорумин ҳодисаи куштор дар Суғд дар натиҷаи ҷанҷолу муноқишаҳои оилавӣ аст. Қабл  аз ин дар ҳудуди вилоят ду ҳодиса дар ноҳияи Исфара ва як ҳодиса дар ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шуд. Дар соли сипаригашта дар умум дар шимоли кишвар 33 ҳодисаи куштор сабт шудааст.

Январь 13, 2015 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд