Қоидаҳои нави сафар ба Русия
Душанбе, 02.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Назар ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР, сар аз 1 январи соли 2015 шаҳрвандони кишварамон метавонанд дар асоси шиносномаҳои хориҷӣ ба Федератсияи Русия раванд, зеро дар Русия қонуни сафар фақат бо шиносномаҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ба мавқеи иҷро расидааст.
Ба гуфтаи намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод, «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт кори зиёдеро анҷом медиҳад. Кормандони сафорат ба манзури шинос намудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо қоидаҳои нав ва иҷрои корҳои тавзеҳотӣ дар минтақаҳо бо ҳамватанон ва фаъолони гурӯҳҳои сохтмончиёни тоҷик вохӯрданд. Мувофиқи қарори роҳбарияти ВКХ ҶТ сафорат дар шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург ва Уфа, ки дар онҳо намояндагиҳои расмии дипломатии ҶТ дар ФР фаъолият доранд, ҳамчунин дар дафтарҳои Консулҳои фахрии ҶТ дар Краснодар ва Санкт — Петербург нуқтаҳои иловагии додани шиносномаҳо кушодааст.
«Мо ҳамчунин дар бисёр вилоятҳои калон, аз қабили Твер, Ярославл, Липетск, шаҳрҳои Сибир ва Шарқи Дур гурӯҳу комиссияҳои сайёр таъсис додаем, ки ба додани шиносномаҳои хориҷӣ машғуланд. Онҳое, ки пеш аз Соли Нав бинобар вазъияти иқтисодию молиявии Русия аз ин кишвар рафтаанд, метавонанд дар Тоҷикистон шиносномаҳои биометрии хориҷӣ гиранд. Дар Тоҷикистон беш аз сад нуқтаи танзиму супурдани шиносномаҳои хориҷӣ фаъолият доранд.
Он шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Федератсияи Русия, ки ҳанӯз шиносномаҳои хориҷӣ нагирифтаанд, метавонанд дар давоми сол ба Сафорати ҶТ дар Маскав, консулгариҳои генералӣ воқеъ дар шаҳрҳои Уфа ва Екатеринбург, ҳамчунин ба нуқтаҳои иловагии воқеъ дар Краснодар ва Санкт — Петербург муроҷиат кунанд.
Шаҳрвандони тоҷикистоние, ки то 1 январи соли 2015 мувофиқи шиносномаҳои дохилӣ вориди қаламрави ФР шудаанд, метавонанд дар сурати нуқсон надоштани ҳамаи ҳуҷҷатҳояшон дар ин кишвар зиндагӣ ва кор кунанд», — гуфт Муҳаммад Эгамзод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






