12 довари тоҷик дар рӯйхати доварони ФИФА-2015
Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Федератсияи байналмилалии футбол рӯйхати доварони ФИФА-ро барои соли 2015, ки ба он доварони тоҷик низ дохиланд, эълон кард.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон 12 нафар шомил аст: 4 довари ФИФА, 6 ёвари довари ФИФА ва 2 довари ФИФА оид ба футзал. Ба рӯйхати сардоварон Аъзамҷон Бӯриев ва Парвиз Муртазоев, Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд ва Насрулло Кабиров аз Норак дохил шудаанд.
Ёварони довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Сайёдҷон Зайниддинов, Хусрави Сиддиқзод (ҳарду аз Душанбе), Ҳасан Каримов (Норак), Акмал Бӯриев (Турсунзода) ва Рустамбек Хуҷаев (Қубодиён) мебошанд. Ба рӯйхати доварони ФИФА оид ба футзал барои соли 2015 Эркинҷон Мадибоев ва Абдумалик Ғаффоров ворид шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар рӯйхати имсола нисбат ба рӯйхати соли гузашта панҷ нафар иваз шуд. Аъзамҷон Бӯриев (довари ФИФА), Хусрави Сиддиқзод (ёвари довари ФИФА), Рустамбек Хуҷаев (ёвари довари ФИФА), Эркинҷон Мадибоев (довари ФИФА оид ба футзал) ва Абдумалик Ғаффоров (довари ФИФА оид ба футзал) дар рӯйхати доварони ФИФА мутаносибан Равшан Ишматов, Дилшод Назипов, Ҳабибулло Нарзуллоев, Комил Қурбонов ва Рустам Нуровро иваз карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






