Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон номбар шуд
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-21) оид ба футбол Алишер Тӯхтаев ҳайати футболбозонеро, ки барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод — 2015 қувваозмоӣ менамоянд, номбар кард. Ин мусобиқот аз 16 то 25 январ дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор мешавад.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳайати дастаи ҷавонон 19 нафар футболбоз, аз ҷумла 2 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 6 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи ҷавонони Тоҷикистон 17 январ дар вохӯрии аввали мусобиқот бо дастаи мунтахаби Қазоқистон вомехӯрад. 18 январ шогирдони Алишер Тӯхтаев бо дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва 20 январ бо дастаи Литва қувваозмоӣ менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






