Ҳалокати 6 нафар дар садама
Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-6 январи соли 2015, соати 17:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Чанху”, рақами давлатиаш 99-60 А РТ 04, Ҳусайндод Саъдиев, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат бо роҳи ғайринақлиётгарди ҷамоати деҳаи Барвози ноҳия аз сабаби боридани барфи зиёд ва лағжон шудани роҳ аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ба самти қафо лағжида, ба чуқурии 150 метр сарозер шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД дар натиҷа худи ронанда Саъдиев Ҳ. ва 5 нафар мусофири ин мошин: Абригул Хусравбеков, соли таваллудаш 1950, Уснибону Пулодова, соли таваллудаш 1982, Мавлоёр Худоёров, соли таваллудаш 2008, Кабир Сабздавлатов, соли таваллудаш 1988 ва Гулрӯ Ватаниева, соли таваллудаш 1991, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Мусофирони дигар: Рамзия Сабздавлатова, соли таваллудаш 1983, Носиршо Худодов, соли таваллудаш 1979, Назардод Худодов, соли таваллудаш 1974 ва Давлатназар Силтолиев, соли таваллудаш 1970, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






