«Ҳама ҷо» бар ивази «Любой ҷо»

Январь 28, 2015 14:16

Душанбе, 28.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар соли 2014 гурӯҳи кори санҷишии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ,  Прокуратураи генералии  ҷумҳурӣ ва Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороишии шаҳри Душанбе” аз 9-ум то 11-уми октябри соли 2014 вазъи иҷрои  Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ»-ро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Таком” (Билайн) мавриди санҷиш қарор дод, ки зимни санҷиш оид ба фаъолият ва номгузории таърифаи хизматрасонии “Любой ҷо”-и ҶДММ “Таком” санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои ислоҳи он муҳлат дода шуд”,-гуфт раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ  Гавҳар Шарофзода имрӯз, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ.  Аз ҷониби ҷамъият ва намояндагиҳои он дар саросари ҷумҳурӣ дар муҳлати кӯтоҳ калимаҳои ғалати хилофи забони меъёр ва омиёнаи таърифаи хизматрасонии “Любой ҷо” ба номи хушоҳанги тоҷикии “Ҳама ҷо” ба раисҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кумита барои чораҷӯӣ мактуби расмӣ ирсол гардид.
“Соли 2014 дар кумита беш аз 54 мавод аз нигоҳи ташхиси забоншиносӣ ва танзими истилоҳот мавриди баррасӣ қарор дода шуд”-баён дошт Г.Шарофзода.      

Январь 28, 2015 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд