Ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо кишварҳои ИДМ

Январь 24, 2015 10:29

Душанбе, 24.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, барои соли таҳсили 2014-2015 дар асоси санадҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф ва илм  аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 782 бурсия (аз ҷумла 90 ҷой барои филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва донишгоҳҳои шабакавии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил), аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин  277 бурсия (забономўзӣ — 203 нафар,  бакалавр- 49 нафар, магистр — 25 нафар), аз ҷониби Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон 250 бурсия, аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон 100 бурсия, Ҷумҳурии Қирғизистон 50 бурсия, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, ҷавонон ва варзиши Украина 20 бурсия, аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус 108 бурсия, Туркманистон 10 бурсия ва Малазия 40 бурсия  ҷудо гардид.

Январь 24, 2015 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд