Ҳамовозӣ ба Паёми Сарвари Давлат

Январь 26, 2015 14:54

Душанбе, 26.01.2014.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-«Паёми Президенти кишвар мазмунан сермуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталиф- иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар, умум ҳаётӣ буда, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад».  Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Манбаъ ҳамчунин хабар медиҳад, ки нуктаҳои алоҳидаи Паём маҳз ба фаъолияти бевоситаи кумита дахл дошта, моро водор месозад, ки баҳри амалӣ гаштани онҳо саъю талош намоем. 
«Дастгирии соҳибкорӣ самти афзалиятноки кумита ба шумор рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои беҳсозии сиёсати соҳа ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷумла соҳибкорони истеҳсолӣ тавассути роҳандозии босамари шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин аз чониби Сарвари давлат дастур дода шуд, ки барои боз ҳам содаву оммафаҳм намудани низоми андозбандӣ ва беҳсозии шароити рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Тавре ки зикр гардид, тайи 5 соли охир танҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна беш аз 720 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо шуданд. Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зоҳир гардид.
Солҳои охир таваҷҷуҳ ба азхудкунии захираҳои табиии кишварамон зиёд гардида истодааст. Бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ҳоло дар ин соҳа якчанд лоиҳаи азими сармоягузорӣ амалӣ мешавад, ки дар доираи онҳо ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади буҷети давлатӣ ва имкониятҳои содиротии кишвар афзун мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки аз Паёми гузашта то Паёми имсола хеле дигаргуниҳо ва дастовардҳои назаррас ба амал омаданд.
Бояд гуфт, ки ҳарчанд иқтисодиёти муосири Тоҷикистон хусусиятҳои иқтисоди давраи гузаришро пурра таҷассум менамояд, вале дар навбати худ ҳамчун иқтисоди кушод ба андозаи муайян таҳти таъсири бевоситаи омилҳои беруна ва шароити бозори ҷаҳонӣ қарор дорад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои минбаъд низ дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ бо он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва таъмин намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат тадбирҳои муассир андешад. Аз ҷумла, дар шароити асосии замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти  мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузории ҷумҳурӣ, таъмини ҳуқуқии кафолату имтиёзҳои сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва ҷорӣ намудани механизми ягонаи пешбурди сиёсати ягонаи сармоягузорӣ Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузориро таҳия намуда, то охири сол ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд»,- зикр менамояд сарчашма.
 

Январь 26, 2015 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
«КОРВОНИ ДИДОР». Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст