Ҳ.Холмуродов ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- 20 январ дар ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бархе қарорҳои муҳим қабул шуданд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки раиси кулли клуби футболи «Энергетик» — и пойтахт Ҳотам Холмуродов аз вазифааш сабукдӯш намуда, фаъолияташ дар бахши футбол якумра қатъ карда шавад.
Ғайр аз ин, Холмуродов ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд. Сабаби чунин муҷозот тартиби мусобиқоти футбол дар мавсими соли 2014 — ро халалдор сохтани номбурда мебошад. Дар натиҷаи тафтишот маълум шуд, ки Ҳотам Холмуродов ба футболбозони клуби «Энергетик» хилофи қонун мукофотпулӣ додааст.
Дар ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки ҳаҷми мукофотпулии ғолиби мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми Федератсияи футболи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ ва дастаи иштироккунандаи бозии ниҳой дар хаҷми 25 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
Дар ҷаласа пешниҳод шуд, ки қарори қаблан қабулшуда дар бораи манъи иштироки бозингари 37 — сола ва дарвозабони 40 — сола дар вохӯриҳои мусобиқоти байни дастаҳои лигаи якум ва мусобиқоти ҷавонон лағв карда шавад. Аъзои Кумитаи иҷроия баъди муҳокимаи муфассал тасмим гирифтанд, ки дар мусобиқоти лигаи олӣ ва ҷавонон меъёри синну сол ба назари эътибор гирифта шавад. Ба ҳамин тариқ, футболбозони соли таваллудашон 1978 ва аз он зиёдтар ва дарвозабонони соли таваллудашон 1975 ва аз он болотар ҳаққи иштирок дар мусобиқоти лигаи олиро надоранд.
Ҳамзамон тасмим гирифта шуд, ки эътибори ин банди тартиби мусобиқот ба дастаҳои лигаи якум ва дуюм дахл надорад, яъне дар мусобиқоти онҳо калонсолон ҳам метавонанд бидуни маҳдудият иштирок намоянд.
Ҷаласаи ояндаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон бояд 7 феврал баргузор шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






