Ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ
Душанбе, 16.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади ҳифз ва аз партовҳо тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва соҳили дарёву каналҳо амалиёти ҷумҳуриявии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» ташкил гардид. Дар асоси маълумотҳо дар амалиёти мазкур бештар аз 508 ҳазор нафар сокинони маҳал, донишҷўён ва кормандони корхонаву ташкилотҳо иштирок намуданд. Ин нуктаро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат Хайрулло Ибодзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ироа намуд.
Дар натиҷа 988,55 км каналҳои магистралӣ, соҳилҳои обанборҳо ва дарёҳо, инчунин манбаъҳои дигари обӣ тоза гардида, аз соҳилҳо 4743,13 м3, партов, илова бар ин аз маҳалҳои аҳолинишин ва дигар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо 526,0 ҳазор м3 партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба партовҳои расмӣ бароварда шуданд. Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ 122 нуқтаи муваққатии партовнигоҳдории нав ташкил шуда, зиёда аз 200 нуқтаи дигар таъмир гардид.
Тибқи қарори мушовараи кумита барои аз 15 декабри соли 2014 то 15 марти соли 2015 гузаронидани амалиёти ҷумҳуриявии ҳифзи ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ қабул гардид ва кор дар ин самт идома дорад,-илова намуд Х.Ибодзода.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






