Ҳисор: авҷи бунёдкориҳо
Душанбе, 31.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ҳотами Шариф).-«Итминони комил дорам, ки кулли иншоотҳои ҷашнӣ сари вақт сохта хоҳанд шуд»,-гуфт раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Сабзов зимни нишасти хабарӣ, ки дирӯз дар мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор баргузор гардид.
Ӯ иброз дошт, ки алҳол дар ҳудуди ноҳия сохтмони беш аз 400 иншооти хурду бузург бомаром идома дорад.
Ба шарофати ҷашни 3000- солагии Ҳисор ҳалли масъалаҳои ноҳия, аз ҷумла, созмони хатҳои обу корезӣ ва таъмин намудани ноҳия бо барқ дар 50 соли оянда имконият медиҳад, ки фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо суръат пеш бурда шавад.
Кишоварзони ноҳияи Ҳисор соли гузашта 38,9 ҳазор тонна ғалла, аз 182 гектар 4076 тонна картошка, аз 496 гектар 12,7 ҳазор тонна сабзавот, аз 88 гектар 1267 тонна зироати полезӣ, 2027 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






