Ҳисор: Вохӯрӣ бо аҳли зиё
Ҳисор, 21.01.2015 ( АМИТ «Ховар», Ҳотами Шарифи),- Дирӯз раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Сабзов бо шоиру нависандагон ва рӯзноманигорон суҳбати хосса доир намуд. Дар даврае, ки дар тамоми ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд, раиси ноҳия қаламкашонро даъват намуд корнамоию заҳматҳои фидокоронаи бунёдкорону мутахассисон ва кормандони оддиро ҳамарӯза васф намоянд, зеро имрӯз дар як вақт дар 238 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, 76 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Адибон Султонмуроди Одина, Фатҳуллои Азиз, Абдулҳамид Самадов, Қурбонмурод Асозода, Салоҳиддини Садр дар бораи китобҳои нашршуда ва корҳои оянда маълумот доданд.
Раиси ноҳия қаламкашонро ба ташаббускорӣ, эҷодкорӣ, муттаҳиддӣ даъват намуда, иброз дошт, ки ҳамаи мо бояд дар якҷоягӣ ҷашни 3 ҳазорсолагии Ҳисорро ба таври арзанда ва дар сатҳи баланд таҷлил намоем.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






