Ҳукумат ғамхориро нисбат ба ҷавонон идома медиҳад
Душанбе, 24.01.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Барои рушди солимии ҷомеаи кишвар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш тайи панҷ соли охир 19 варзишгоҳ, 621 майдонча ва 110 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ ба истифода дода шудааст,-зикр кард Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба Парлумон.
Инчунин 2700 майдонча ва 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру навсозӣ гардидааст.
Вобаста ба ин, таъкид кард, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим иншооти мазкури варзишӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, самараноку мақсаднок истифода шаванд.
-Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд,- таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Парлумони кишвар.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






