Ҷаласаи ҳайати мушовара дар ВКХ ҶТ
Душанбе, 10.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- 9 январи соли 2015, ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки дар кори он аъзои ҳайати мушовара, роҳбарони раёсату идораҳои вазорат, инчунин КВД “Тоҷикдипсервис” ширкат варзиданд. Дар ҷаласа масъалаи фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014, вазифаҳо барои соли 2015 ва нақшаи фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2015 баррасӣ шуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов фаъолияти вазоратро дар соли ҳисоботӣ таҳлил ва ҷамъбаст кард. Фаъолияти вазорат дар ин давра қаноатбахш арзёбӣ гардида, ҳамзамон, зарурати саъю талош ва таваҷҷуҳи бештар ба масоили алоҳида, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар соли равон, таъкид гардид.
Дар ин росто, бахусус, барои дар сатҳи шоиста баргузор кардани чорабиниҳо вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар соли равон дар СААД, инчунин Муколамаи интерактивии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба арзёбии фарогири дастовардҳо дар раванди татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015» дар моҳи март дар Ню-Йорк ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015» дар моҳи июни 2015 дар шаҳри Душанбе сухан рафт. Дар робита ба нақшаи фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳиме, ки дар соли равон бар зиммаи вазорат вогузор шудаанд, ибрози назар кард.
Дар анҷом вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






