Ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ

Январь 14, 2015 15:39

Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ)  3 конфронси илмӣ — амалӣ доир шуд, ки дар он зиёда аз 50 нафар олим аз кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Ҳамчунин дар 3 маҷмӯаи маводи конфронс 970 мақола ва фишурда чоп  шуд.
 Соли гузашта дар донишгоҳ 2 Шӯрои диссертасионӣ аз рӯи 5 ихтисос фаъолият намуда, дар ин давра 16 рисолаи илмӣ ( 5 кори номзади илм ва 1 доктори илмӣ) бо мувафақият ҳимоя шуд.
Ҳамасола шумораи таълифоти илмии олимон аз хориҷи кишвар афзуда, дар давоми 3 соли охир дар маҷмӯаи маводи конфронси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  120 фишурда аз муассисаҳои олии Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Украина, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ба нашр расонида шуд.
Солҳои охир нақши ҷавонон дар пешбурди корҳои илмӣ дар донишгоҳ ва берун аз он беш аз пеш вусъати тоза пайдо мекунад. Инчунин масъалаҳои мубрам дар соҳаи тиб диққати олимони ҷавону донишҷӯёни донишгоҳи моро аз ҳарвақта дида бештар ба худ ҷалб менамоянд.
Шумораи маърӯзаҳои илмии конфронси ҷавонон, ки моҳи апрели соли 2014 баргузор гардид, аз 187 маърӯза иборат буда, дар маҷмӯъ маводи ба конфронс пешниҳод гардида 499 фишурдаро ташкил дод.
 
 
 
 

Январь 14, 2015 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд