Ҷамъбасти фаъолияти фаврии хидматии АНМН
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе Машварати фаврӣ аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти фаврии хидматии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тайи соли 2014 баргузор гардид.
Тавре ки АНМН ҶТ хабар медиҳад, дар кори машварат мудири шуъбаи Раёсати мудофиа ва ҳифзи тартиботи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ЧТ А.Абдуллоев, директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назарзода, роҳбарони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Агентӣ ширкат доштанд.
Дар машварат натиҷаи фаъолияти Агентӣ тайи соли 2014 ҷиҳати иҷрои Дурнамои тадбирҳо барои татбиқи «Стратегияи миллӣ оид ба муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои 2013 -2014», мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷилавгирии нашъамандӣ, ҳамчунин роҳандозии амалиётҳои муштарак ва машқҳои минтақавӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷамъбаст гардид.
Таваҷҷуҳи роҳбарони ниҳодҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ба бархе нуқсонҳои ташкили тафтишоти нозирон, ҷилавгирии фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори дорои хусусиятии трансмиллӣ ҷалб карда шуд. Дар робита бо ин, барои рафъи нуқсонҳои зикршуда пешниҳодҳои мушаххас ироа шуда, ҳисоботи роҳбарони ниҳодҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ҷиҳати иҷрои чорабиниҳо барои соли 2014 шунида, дурнамои тадбирҳои асосии агентӣ барои соли 2015 мавриди муҳокима қарор гирифта ва барои тасдиқ манзури директори Агентӣ карда шуд.
Дар анҷоми машварат директори Агентӣ бархе масоилеро зикр намуд, ки бояд дар давраи оянда ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад. Ҳамчунин зикр шуд, ки конфронси байналмилалӣ аз рӯи масоили муборизаи зидди маводи нашъаовар, ки охири моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бояд дар сатҳи баланд роҳандозӣ шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






