Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

Январь 20, 2015 09:32

Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 17 январи соли ҷорӣ бо дастгирӣ ва ҳамкории зичи садорати Хадамоти гумрук мусобиқаҳои варзишӣ миёни кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) аз рӯи намудҳои варзиши шоҳмот, футболи хурд, тенниси рӯи миз ва волейбол барои дарёфти «Ҷоми Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Тавре ки сухангӯи ДМИТ Машҳура Абдуллоева  иттилоъ дод, 17 январ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозиҳои ниҳоӣ оид ба футболи хурд гузаронида шуда, ғолибони мусобиқа дар вазъи тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ректори ДМИТ Ашурбой Солиев иштирокчиёни мусобиқотро барои ширкати фаъолона табрик карда, зикр намуд, ки вазифаи асосии донишҷӯёни варзишгари мо аз он иборат аст, ки вақти пурқимат, қувваю ғайрати ҷавонии хешро беҳуда масраф накарда, ҳам хуб таҳсил намоянд ва ҳам ба камолёбии варзишии хеш пайваста машғул шаванд. Аз ин рӯ, раёсати донишкада сол аз сол ба самти варзиш диққати махсус дода, ҷиҳати афзун гардонидани иншоотҳои варзишӣ, харидории мавод ва лавозимоти варзишӣ, баргузории чорабиниҳои оммавии варзишӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва баргузории ин сабқат низ далели  он аст.
 
 
 

Январь 20, 2015 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд