Ҷамъбасти рушди иқтисодиёти Тоҷикистон
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Поркизаи Шодмон).- 12 январ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ҷаласа аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти вазорат тайи соли 2014 баргузор гардида, дар он вазифаҳо барои нимаи аввали соли ҷорӣ муайян карда шуданд.
Тавре ки аз вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Шариф Раҳимзода ва муовини аввали вазир Неъматулло Ҳикматуллозода ба ҳозирон дар бораи ҷамъбасти фаъолияти вазорат тайи соли 2014 гузориш доданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони сохторҳои зертобеи вазорат ва минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» ҳисобот доданд.
Дар анҷоми ҷаласа аз рӯи ҳамаи масоили баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






