Ҷавонони Хатлон: ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бовар дорем!

Январь 19, 2015 09:36

Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҷавонони вилояти Хатлон нисбат ба ҷавонони бурунмарзӣ, ки ба корҳои номатлуб даст мезананд, муроҷиатнома қабул кардаанд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Мо, ҷавонони Хатлонзамин, бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, то баҳри пойдории истиқлолияти комили мамлакат ва тараққиёти кишвар дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорем. 
         Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст.
Нанговар аст, ки дар давоми солҳои охир якчанд тан ҷавонони кишвари мо ба дасисаву андешаҳои ғаразноки ифротгароёну душманони аҳли башарият дода шуда, даст задан ба амалҳои номатлубро пеша намудаанд. Имрӯз ҷавонони ангуштшумори тоҷик аз кӯтоҳандешӣ ва нодидагирӣ аз оромӣ, амонӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон- Тоҷикистон ба дасисабозиҳои гурӯҳҳои ифротию манфиатҷӯ, ки ба номи Ислом иснод овардаанд, фирефта гардида, дар бенизомии мамлакатҳои дигар даст доранд.  
Ин амалҳои онҳо бо нидоҳои даҳшатбор тамоман ба ақли инсоният рост намеояд. Ҳамаи ин басанда нест, ки боз аз тариқи сомонаҳои интернетӣ бо доштани ливои сиёҳ баромад намуда, амалҳои нанговару даҳшатангези худро дар пеши чашми мардум ҷилва медиҳанд. Вале ин танҳо фикри хоми онҳост, ки аз тарафи хоҷагони бурунмарзӣ амалӣ мешавад. 
 Мо ҷавонони Хатлон ба онҳо гуфтанием, ки шумо нафароне мебошед, ки на аз Ислом ва на аз ҳақиқати он хабар надоред. Шумо фирефтагони доми сиёҳкорону бадхоҳони башар ҳастед, ки модару Ватанро тарк карда, роҳи беномусиро ихтиёр кардаед. Шумо аз сӯзи дарди дили падару модар, фироқи ёру дӯстон, хоҳари чашмбароҳ, қалби пур аз меҳри ҳамсару ёди фарзанди хурдсолатон бехабаред. Магар ёди онҳо пешорӯи шумо ҷило намедиҳад, ки дар рафторҳои ношоиставу носолиме, ки ба фарзанди ин сарзамин мансуб нест, даст доред. Куҷост он номуси ҷавонмардии шумо?, куҷост он меҳри модаре, ки шуморо нуҳ моҳу нуҳ рӯз дар батнаш нигоҳ дошт?, куҷост меҳри падаре, ки барои бар камол расидани шумо 18 сари сол заҳмат кашид?, куҷост он ватандӯстии шумо, ки ба ҷони ҷавони худ раҳм намекунед?, куҷост он номусе, ки зани ҷавони худро бесаробон ва тифли навзодатонро ятим кардаед?  
Ҳоло ҳам вақт аст, баргардед! Дар назди Ватан- модар покии худро исбот намоед, вагарна Ватан-модари азиз хиёнаткорро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Баргардед ва барои рушди ин кишвари биҳиштосо  ҳиссагузор бошед, дар оғӯши пурмеҳри Ватан-модар ва бо истиқболи зиндагии саршор аз ишқу муҳаббат ҳаёт ба сар баред. 
Барои марди ба ору номус, ватандори асил ин ҳолат,албатта, ғамангезу ғамафзо аст. 
Мо, ҷавонони Хатлонзамин имрӯзҳо ҳақиқати ислом ва озодии онро дар Тоҷикистон мебинем, дар фазои сулҳу дӯстӣ ва озодонаи он кору зиндагӣ карда, ҳавои накҳатбори онро истишмо менамоем, аз қӯҳҳову мавзеъҳои дилфиребаш дидан карда, рӯҳу илҳоми тоза мегирем ва аз чашмаҳои поку босафояш об менӯшем.  На мисли шумо дар ба дару кӯ ба кӯи бегонагон мегардем! Ин барои шахси ватандӯсту худогоҳ ва ба ору номуси миллати тоҷик кофист! Шуморо чӣ шуд, ки аз ин неъматҳои бебаҳои атокардаи Худованд дар Ватани азизамон Тоҷикистон бенасиб гардидаеду дар итоати хоҷагони бурунмарзӣ ва бо коргардонҳои пасипардагӣ фаъолият доред?  
Дастгириҳои давлату ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, соҳаи варзиш ва сайёҳӣ рӯз ба рӯз афзуда, корхонаҳои хурду бузурги саноатию ғайрисаноатӣ барои таъмини ҷавонон бо ҷойҳои кори доимӣ муҳайё шуда истодаанд. 
Барои ба таҳсил фарогирии ҷавонон квотаҳо ва бурсияҳои президентӣ, барои ҳавасмандгардонии хонандагон стипендияҳои президентӣ, барои донишҷӯёни хориҷи кишвар стипендияи «Дурахшандагон», барои олимони ҷавон «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ», барои дастгирии ятимону камбизоатон ва маъюбон тамоми шароитҳои зарурӣ дар рӯзгор ва таҳсил ва барои ҳунармандон, соҳибкасбон, донандагони ҳама гуна илмҳое, ки ба манфиати ҷомеа мебошанд, тамоми шароитҳо муҳайё шудааст. 
Афзудани макотиби олӣ, миёнаи касбӣ, касбӣ ва ибтидоии касбӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба таҳсил дар сатҳи ҷумҳурӣ бо тамоми шароитҳои зарурӣ ва таълимӣ мавҷуд буда, дар ҳоли рушд қарор доранд. Барои варзишгарон низ дар сатҳи ҷумҳурӣ майдону толорҳои варзишӣ бо таҷҳизоти лозимӣ таъмин шуда, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ сол ба сол меафзояд, ки  ин дар рушди варзиш ва солимгардонии  ҷавонон дастоварди беназир мебошад.  
Барои ин ҳама дастовардҳои даврони Истиқлоят ҷавонони тоҷик, ки ояндагони Ватан ва идомадиҳандаи фаъолияти созандаи падарону бузургон мебошанд, мебояд шукургузор бошанд, имрӯзи худро самаранок истифода намоянд, то ба оянда аз имрӯз ба некӣ бингаранд.   
Мо, ҷавонони зодаю тарбиятёфтаи даврони истиқлолият  имрӯз  ҳамаи он амалҳои номатлубу иғвоангезро, аз ҷониби кадом шахсе набошад, маҳкум менамоем.
Мо, ҷавонони Хатлонзамин ба тамоми ҳамсолони худ муроҷиат мекунем, ки ба дасисаву бозиҳои сиёсии пасипардагии  ин гурӯҳҳо дода нашуда, баҳри нашъунамо ва  шукуфоии Ватани азизамон- Тоҷикистон дар атрофи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона, бо дониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва бо корҳои созандаву бунёдкорона адо намоем.
Мо, ҷавонон ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон бовари комил дорем!  
Бо ифтихор эълон менамоем, ки дар якҷоягӣ баҳри рушду нумӯъ ва амнияту суботи Ватани азизамон саҳми шоистаи худро мегузорем. 
 
 
 
 

Январь 19, 2015 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад