Ҷоизаҳои Ҷоми Тоҷикистон ва ФФТ маълум гардиданд

Январь 22, 2015 10:27

Душанбе, 22.01.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи якуми Кумитаи иҷроия дар соли нав баргузор шуд, ки дар он як зумра қарорҳои муҳим қабул  шуданд. Бино ба иттилои сомонаи ФФТ, Кумитаи иҷроияи қарор кард, ки ҳаҷми маблағи пулӣ барои мукофот дар мусобиқаҳои Ҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон муқаррар  шавад. 
Гуфта мешавад, ки дар мавсими имсола ғолиби Ҷоми Тоҷикистон 40 000  сомонӣ ва дастаи финалист 25 000 сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Ғолиби Ҷоми ФФТ дар мавсими нав 20 000 сомонӣ, соҳиби ҷои дуюм 20 000 сомонӣ ва барандаи медалҳои биринҷии ин сабқат маблағ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.
Ҳаққи талабнома (заявочный взнос) ҷиҳати иштирок дар лигаи олӣ 40 000 сомонӣ ва барои лигаи якум, 7000 сомонӣ муқаррар шуд. Харҷҳо оид ба пардохти хизматрасонии ҳайати доварон, нозир ва комиссари бозиҳо  дар ҳаҷми муқарраргардидаи мавсими соли гузашта боқӣ мемонанд.
Ҳамчунин дар мавсими нави футбол низ мисли соли 2013-ум, ҳар як дастаи лигаи олӣ вазифадор аст, ки ба ҳайати аввалӣ (стартовый состав) як нафар бозигари соли тавалудаш 1997-ро шомил гардонад, таъкид гардидааст дар ҷаласаи Кумитаи мазкур. 
Роҳбарони дастаҳо вазифадоранд, ки дар протоколи бозӣ, дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои оливу якум ва инчунин бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон ба ҳайати аввалӣ як нафар бозингари соли тавалудаш 1997-умро дохил гардонанд. Дар давоми бозӣ ин бозингарро танҳо бозингари синни худаш ва ё хурдтар иваз карда метавонад.
Дар сурати бо корти сурх огоҳонида шудан ва ё лат бардоштани бозингари соли тавалудаш 1997-ум, ба ҷои вай як нафар бозингари соли таваллудаш 1997 ва ё хурдтар ба майдон баромада, як бозигари солаш калон майдонро тарк мекунад.
Дар сурати халалдор кардани ин дастурамали муқараршуда, даста бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб ҳисобида шуда, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима мешавад.
Дар бозиҳои ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ роҳбарони дастаҳо метавонанд ба протоколи бозӣ 8 нафар бозингари соли таваллудашон 1997 ва аз он поёнтар ва се нафар бозингари синни калонро дохил кунанд.
Дар сурати халалдор кардани ин дастурамали муқараршуда низ даста бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб ҳисобида шуда, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима  мешавад.
 

Январь 22, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПИРӢ ФАРО РАСИДААСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Спитамен маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар мумфаршкунии роҳҳо сарф карданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии «Ободкор» ва «Шири Ватан» таъсис дода шуданд
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид
Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоишҳо доир мегарданд
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин маҳфил-озмун доир гардид