Ҷоми олии футзали Тоҷикистон-2014
Душанбе, 2.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи «Бонки миллӣ»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Динамо”-и Душанбе пирӯз шуд, барандаи Ҷоми олии футзали Тоҷикистон-2014 гардид.
Бозии ниҳоӣ миёни «Бонки миллӣ”, қаҳрамони феълии силсилаи «А” ва «Динамо”, барандаи Ҷоми миллӣ дар шаҳри Душанбе дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар бозӣ Шерзод Ҷумъаев, ҳамлагари «Бонки миллӣ, ки ба дарвозаи «Динамо” чаҳор гол зад, беҳтарин бозингари ин қувваозмоии ҳалкунанда дониста шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, Комрон Шодиев, раиси Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷоми олиро ба Ҷамшед Саломов, капитани дастаи «Бонки миллӣ” супурд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






