122 ҳолати таъйин ва бозҳисобии нодурусти нафақа
Душанбе, 12.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Зимни санҷиши фаъолияти раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳру ноҳияҳо 122 ҳолати нодуруст таъйин ва бозҳисобӣ гардидани нафақаҳо ва 13 ҳолати нодуруст пардохт гардидани кумакпулӣ барои дафн ошкор шуд, ки маблағи аз ҳисоби нодуруст таъин ва бозҳисобӣ гардидани нафақаҳои зиёдпардохтшуда 165 ҳазору 837 сомонӣ ва аз ҳисоби кумакпулӣ барои дафн 10 ҳазору 400 сомониро ташкил менамояд,- гуфт Назокат Одинаева, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Маблағҳои барзиёд пардохтшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба суратҳисоби агентӣ бозпас гардонида шуда истодаанд.
«Илова бар ин, зимни санҷишҳои гузаронидашуда барои таъмини пардохти нафақаҳои имтиёзнок, ки тибқи қонунгузории соҳа бояд то расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ аз ҳисоби маблағҳои корхона пардохт шаванд, 1284981, 17 сомонӣ маблағи қарз ба суратҳисоби агентӣ ворид шуд»,-афзуд Н.Одинаева.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






