203 парванда оид ба риоя накардани конуни истифодаи замин

Январь 9, 2015 08:49

Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мурод Назариён ).- Аз тарафи мақомоти прокуратураи  вилояти Хатлон  мунтазам санҷишҳо оид ба иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар бораи самаранок ва оқилона истифода бурдани замин гузаронида мешавад. Тавре  ки ба  АМИТ  «Ховар» аз  прокуратураи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, кор дар  ин самт нисбат ба ҳамин давраи соли пешин беҳтар гардида, бо натиҷаи 104 санҷиши гузаронида, 135  амр дода шуда, баҳри бекор намудани санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда 244 эътироз оварда шудааст. Тавре ки иттилоъ дода  шуд, дар бисёр ҳолатҳо   қарорҳои қабул намудаи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои вилоят ғайриқонунӣ мебошанд. Баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоргардида вобаста ба истифодаи оқилонаи замин ба унвони шахсони мансабдор 108 пешниҳод ирсол гардидааст.  Ҳамзамон 780 нафар шаҳрванд ба ҷавобгарии маъмурӣ, 121 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 253 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 203 парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шудааст.   
 Бо натиҷаи санҷиш ҳамчунин барои ғасби худсаронаи замин, тақсимоти ғайриқонунии он, хариду фурўш ва сохтмонҳои худсарона дар  заминҳои корам  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, барои пешбурди тафтишоти пешакӣ супурда шудаанд.      

Январь 9, 2015 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст