2554 медали варзишгарони хуҷандӣ дар соли 2014
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -«Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд беш аз 15 майдончаи варзишӣ барои ҷавонону наврасон мавриди истифода қарор гирифта, якчанд майдончаи варзишии футбол, баскетбол ва волейболи назди биноҳои истиқоматӣ аз нав барқарор шуд»,-иброз намуд мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2014.
Тибқи иттилои мудири бахш варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои мухталифи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Аз ҷумла, варзишгарони шаҳр соли 2014-ум 2554 медал, аз ҷумла 906 медали тилло, 778 нуқра ва 870 медали биринҷиро соҳиб шуданд, ки ин дастоварди хуби ҷавонони ин минтақа мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






