265 ҷинояткорӣ дар бахши истифодаи замин
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- «Соли 2014 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни санҷишу тафтишоти пешакӣ 265 ҷинояткории дорои хусусияти коррупсионӣ дар бахши истифодаи замин, хариду фурӯши ғайриқонунии он, истифодаи ғайриқонунии замин ва ғайраро фош намуд», — гуфт директори агентии мазкур Абдуфаттоҳи Ғоиб дар нишасти матбуотӣ, ки 26 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гуфтаи Абдуфаттоҳи Ғоиб, аз ҷумлаи шумораи умумии ҷинояткориҳои марбут ба тақсими замин 91 ҷиноят дар вилояти Хатлон, 66 ҷиноят дар вилояти Суғд, 26 ҷиноят дар шаҳри Душанбе ва 3 ҷиноят дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ошкор гардид.
«Дар қиёс бо ин соли 2013 дар вилояти Хатлон 450 ҷинояткорӣ, дар вилояти Суғд 26 ва дар шаҳри Душанбе 20 ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ошкор шуданд. Мо бо дарназардошти ин проблема иттилооти муфассалро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол медорем», — гуфт Абдуфаттоҳи Ғоиб.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






