48 ҳазор нафар шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ гирифт
Душанбе, 12.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар давраи ҳисоботӣ 3 ҳазору 205 нафар шахси ҳуқуқӣ, 49 ҳазору 453 нафар шахси воқеӣ ва 8 ҳазору 648 нафар соҳибкори инфиродӣ ҳамчун пардохткунандагони саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шуд. Ин нуктаро муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ Назокат Одинаева имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт.
Ба гуфтаи Н.Одинаева дар ин давра аз тарафи марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии агентӣ дар минтақаҳо ба 48 ҳазору 477 нафар шахси суғурташуда шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дода шуд. Дар маҷмӯъ, теъдоди умумии шахсони суғурташуда, ки ба онҳо аз ибтидои ҷорӣ гардидани низоми баҳисобгирии инфиродӣ шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дода шудааст, 954 ҳазору 902 нафарро ташкил менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






