5,1 фоиз афзудани маҳсулоти саноатӣ
Душанбе, 21.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи маҳсулоти дохилии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ-декабр соли 2014 аз рӯи маълумоти фаврӣ 45602,2 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2013 бо нархҳои муқоисавӣ 106,7 фоиз мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 10528,6 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2013-ум 5,1 фоиз афзудааст.
Дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсолот 1398,6 млн. сомонӣ, саноати коркард 6956,3 млн.сомонӣ, дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об 2173,7млн. сомониро ташкил дод.
Дар соли 2014 аз 1183 корхонаи саноатии ҳисобдиҳанда 149 адади он кор накард. Дар соли 2014 истихроҷи ангишт, маводи ғайримаъдании бинокорӣ, намаки ошӣ, истеҳсоли гӯшт, колбаса, панири равғанин, маҳсулоти шири холис, макарон ва маҳсуноти қаннодӣ, оби ҷав, мусалласи ангурӣ, нӯшокиҳои беспирт, обҳои минералӣ, газворҳои пахтагин, матоъҳои нобофта, қолин ва маснуоти қолинӣ, маснуоти ҷӯробу пайпоқ, пойафзол, пӯст, пойафзоли резинӣ, семент, хишти бинокорӣ, трансформаторҳо, маснуот аз пластикаи филизӣ ва ғайраҳо афзуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






