55 миллион сомонӣ барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳо
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ Ховар, Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти солонаи агентӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст муовини аввали директори Агентӣ Назокат Одинаева зикр намуд, ки дар ин давра аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани касри Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 55 млн. сомонӣ ба суратҳисоби агентӣ ворид шуд, ки 100 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил намуда, нисбат ба соли 2013 10 млн. сомонӣ ё 22,2 фоиз зиёд мебошад ва он барои пардохти саривақтии нафақа ва кумакпулиҳо равона шудааст.
Талаботи пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷоти ҳисобии корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 1 млрд. 858,9 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2013-ум 255,6 млн. ё 15,9 фоиз зиёд мебошад ва новобаста аз иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо истифода аз маблағҳои мутамарказ аз рӯи реҷаи тасдиқгардида то 31 декабри соли 2014 он пурра маблағгузорӣ шуд,- гуфт Назокат Одинаева.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






