580 лоиҳаи сохтмонӣ аз ташхиси давлатӣ гузашт
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-Дар соли 2014 аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сифати корҳои сохтмонию васлкунии 64 шаҳру ноҳияи кишвар санҷиш гузаронида шуд, ки дар натиҷа ба миқдори 643 млн. 040 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд. «Чунин иншоотҳо ё бо шабакаҳои муҳандисӣ пайваст нестанд, ё ба зилзила тобовар нестанд ва ё аз нуқтаи назари асосноккунӣ мустаҳкам нестанд»,-иброз дошт Абдувалӣ Комилзода-, раиси Кумитаи мазкур имрӯз, 14 январ зимни нишасти хабарӣ. Ба гуфтаи мавсуф дар соли сипаригашта зиёда аз 580 лоиҳа аз ташхиси давлатӣ гузаронида шуд, ки ба ин теъдод ҳам хонаҳои истиқоматӣ ва ҳам иншооти истеҳсолӣ дохил мешаванд.
Абдувалӣ Комилзода иттилоъ дод, ки баҳри беҳтар намудани сифати корҳои сохтмонӣ дар соли 2014 4 вохӯрии намояндагони кумита бо кормандони иншооти сохтмонӣ , аз ҷумла дар вилояти Хатлон, Суғд ва ВМКБ доир гардид. Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 1232 адад иншоот ба қайд гирифта шуда, 334 адад ҳуҷҷат аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ барои гирифтани иҷозатнома ворид гаштааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






